ИҚДОМИ ХАЙРИЯВӢ ДАР АРАФАИ ЧОРАБИНИҲОИ СИЁСӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ қарор доданд.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваставу беназири давлату Ҳукумат, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон назаррас арзёбӣ гардида, бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушди баркамол ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст.
Дар пайравӣ аз ин иқдоми шоиста ашхоси хирадманд, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси халқии ноҳия ҳамасола ба ятимону бепарасторон ва одамони эҳтиёҷманд дар арафаи ҷашну идҳо кумакҳои яквақтаина мерасонанд.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аъзоёнии фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арафаи идҳои миллӣ ва 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки Анзурат Абусаломзода – Сардори Раёсати кор бо зананои МИҲД-и вилояти Хатлон, муовини аввали раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – Абдухолиқ Мусозод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия – Назокат Қосимова зиеда ба 10-оилаи камбизоати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кумаки яквақтаинаи маводҳои ниези аввал расонида шуд.
Анзурат Абусаломзода – Сардори Раёсати кор бо зананои МИҲД-и вилояти Хатлон, бо оилаҳои камбизоату эҳтиеҷманд суҳбати озоду самими доир намуд, ки ҳар кадом аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ва шахсони саховатпеша изҳори минатдорӣ намуданд.
Дар охир барои боз осоиштагии Тоҷикистони Соҳибистиқлол дуои хайр карданд.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ