СУҲБАТУ МУЛОҚОТҲО БО УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз 6 то 9 июн дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳои инфиродиву гурӯҳӣ анҷом медиҳанд.
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гурӯҳи кории вилоятӣ дар ҳайати муовини якуми раиси ноҳия Мусозода Абдухолиқ – роҳбари гурӯҳ, Абдусаломзода Анзурат – сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Хатлон ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Назокат Қосимова ба кор шурӯъ карда, дар деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо аҳолӣ бо усули "хона ба хона" суҳбату вохӯриҳо доир гардид.
Дар суҳбатҳо аз дастуру тавсияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоташон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара, 27 апрели соли ҷорӣ баён гардиданд, ёдоварӣ шуд.
Ҷилавгирӣ аз тақлиду пайравӣ ба фарҳанги бегона, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, ҷавонон, занон, пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи самарабахши қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, захираи маводи озуқа, омодагӣ ба фасли зимистон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҷумлаи мавзуъҳои рӯз суҳбату мулоқотҳо буд.
Шуъбаи таблиғои ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ