САҲМИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ ДАР ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА НАЗАРРАС

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёди давлати пешрафта ва амалӣгардии манфиатҳои тамоми қишри ҷомеа мебошад. Имрӯзҳо иқдомҳои беназири ҳизби мо дар миёни мардуми мамлакат бо ташаббусҳои созанда, шӯҳрати ин ҳизбӣ мардумӣ ва бунёдкорро боло намуда, назар ба гузашта дар ободкорӣ, бунёдкорӣ, сабзу хуррам гардонӣ, ҳунармандӣ, гиромӣ доштани гузаштагон, дасти кумак расонидан ба муҳтоҷон ва маъюбон инчунин пешрафти илму технология бараъло назаррас мебошад.
 
Ҳизбиён дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мунтазам дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳмгузорӣ намуда, дар заминаи чунин корҳои созанда кӯшиш менамоянд, ки ҷашни бузурги таърихӣ, яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ва бо натиҷаҳои назаррас истиқбол гиранд.
 
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ якҷо бо аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” баҳри таъмиру барқарорсозии як қатор роҳҳои мошингузар дар деҳоти мазкур заҳматҳои беандоза кашида истодаанд. Ин иқдоми аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 600-метрӣ тулони роҳи деҳаро сангфарш намуда истодаанд.
 
Бояд гуфт, сокинони бонангу номус ва шахсони саховатпешаи ин деҳа пайваста тариқи ҳашар ҳар гӯшаеро обод меозанд. То ин муддат, дар ин деҳа, бо дастгирии сокинон тариқи ҳашар корҳои зиёди созандагиву ободонӣ ба анҷом расонида шудааст.
 
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ