САҲМ ТАҲТИ УНВОНИ «ТУРО АЗ ХЕШ, АЗ ОБУ ГИЛИ ХУД МЕКУНЕМ БУНЁД»

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

«Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод»

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар асоси барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 13.03.2023 №7 бо мақсади ҷалб намудани сокинони касбу кори гуногуни ноҳия барои кор дар сохтмони НБО “Роғун” мудири шуъбаи занон ва кор бо ҷавонон, мутахассиси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳо ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар маркази ноҳия аксия гузаронида, мардум ва ҷавононро барои кор дар сохтмони НБО “Роғун” ҷалб намуд ва зикр дошт, ки Роғун ин иншооти бузурги аср буда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои ба истиқлолияти энергетикӣ расонидан ва амалӣ гардидани ҳадафи стратегии мамалакат заминаи мусоид мегузорад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарфманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда буданд, ки аз инҳо иборат мебошад:

Аз бунбасти комуникатсиони баровардан.

Таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ.

Ба истиқлолияти энергетикӣ соҳиб шудан, ки бо тадбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад.

НБО-и Роғун яке аз иншоотҳои бузурги асри 21 ба шумор рафта, баландии сарбанди нерӯгоҳ 3395м аст. Ғунҷоиши об дар ин нерӯгоҳ бошад, ба 13,5 миллиард метри мукааб мерасад, ки захирааш қариб баробари кӯли Сарез.

Агар мисриҳо бо аҳромҳои Хеопс, ҳиндуҳо бо Тоҷмаҳал, чинҳо бо Девори бузурги Чин ва ғайраҳо фахр намоянд, мо - тоҷиконро месазад бо сарбанди дар ҷаҳон баландтарини НБО Роғун ифтихор намоем.