ЗАМИНҲОИ КОРАМ САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДА МЕШАВАНД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо усули хона ба хона дар натиҷаи корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ аз ташкилоти ибтидоии "Файзобод"-и деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳия, дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супориши раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон, инчунин нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои назди ҳавлигӣ дидан намуданд.
Сардори оилаи Исматуллозодаҳо бо мақсади истифодаи оқилона ва самараноки замини наздиҳавлгӣ, инчунин беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар замин бо назардошти мавсими кишту кор зироатҳои гуногун кишт намуданд.
Зимни суҳбат Раҷабалӣ Назаралӣ – мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз доштанд, ки рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст.
Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ва захира намудани маводи ғизоӣ зиндагии хешро боз ҳам рангину гуворо намоем.
Шӯъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ