АЪЗОЁНИ ҲИЗБ ДАР РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ САҲМ МЕГУЗОРАНД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар идомаи корҳои тарғиботӣ оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули “Хона ба хона” дар деҳаи Бадрддини Ҳилолӣ Ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳия, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз заминҳои ҳудуди деҳаи номбурда дидан намуд.

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ин навбат дар ҷамоати деҳоти Дӯстӣ, деҳаи Бадрддини Ҳилолӣ вобаста ба дастури Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки замин ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида ва аз як замин бардоштани ду-се ҳосил корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Зимни дидан намудан аз замини хоҷагии деҳқонии "Нури Вахш", ки онро Мирзоев Нуриддин ба уҳда дорад дидан намуда, ки дар онҷо тамоми маҳсулотҳои кишоварзӣ, ва полезӣ кишт намуда, ба наздики ҳосили хуб ба даст меоварад.

Масъули хоҷагидор қайд намуд, ки аз меҳнати ба даст омада маҳсулотҳо ба бозорҳо ба фурӯш гузошта, ба мардум бо нархи арзон дастрас карда мешавад, ки барои таъмини амнияти озуқавории кишвар бо ин васила саҳми арзандаи худро мегузорад.

Зимни баргузории вохӯрӣ аён гардид, ки сокинони деҳаи мазкур дастуру супоришҳои Роҳбариятии Олии мамлакатро ҳамаҷониба дасгирӣ намуда, дар истифодаи дуруст ва оқилонаи замин ҳамеша ҷаҳду талош меварзанд ва шароити зиндагии хешро бо ин восита беҳтар менамоянд.