ВАСЛУ НАСБИ СИМЧУБҲОИ РАВШАНИДИҲАНДА ДАР ТИ “ПАХТАКОР-1”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Аксияи "Якҷоя месозем!" ягона Аксияе мебошад, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия миёни мардуми ноҳия, алалхусус маҳалаву деҳаҳои он ҳамовозии зиёде касб намудааст. Дар доираи ҳамин Аксия дар деҳаву маҳаллаҳо корҳои зиёди бунёдкорию созандагӣ бо маром идома дорад.
"Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб, минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд".
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва равшаникунонии кӯчаю маҳаллаҳо ва дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст, корхонаю идораҳои ноҳия ва роҳбарони хоҷагихои деҳқонӣ, дар ташкилоти ибтидоии “Пахтакор - 1”- Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҷамоати деҳоти Калинин ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, васл ва насби симчӯбҳои равшандиҳанда бо дастгирии мардуми маҳал, муҳоҷирони меҳнатӣ, соҳибкорони деҳа, бо маблағи 90 – ҳазор сомонӣ 21 адад насби симчубҳо бо маром идома дорад.
Корҳои васлу насби симчӯбҳо аз тарафи кормандони ташкилоти ибтидоии “Барқчиён”-и Кумиҷроияи ноҳиявии идораи барқи ноҳия зери роҳбарии раиси ташкилоти ибтидоӣ Тоҳиров Қурбон бо сифати баланд иҷро гашта истодаанд.
Ҳамагон медонанд, ки неруи барқ дар асри мо яке аз эҳтиёҷоти аввалии мардум гашта, баҳри осон сохтани мушкилоти рӯзмарра саҳми босазоеро мегузорад.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ