СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МАКТАБИ МАН»

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳими мамлакат ба шумор рафта, ба фаъолият ва пешрафти ин соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамояд, то инки дар оянда фарзандони мо ҳамчун ҷавонони босаводу соҳибтахассус ба камол расанд.
 
Бо ин мақсад ҳамасола дар ватани азизамон аз ҷониби давлату ҳукумат даҳҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
 
Аз он ҷумла дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ солҳои охир якчанд муассисаи таълимии замонавӣ ба дастгирии мардуми маҳал зери ташаббусҳои ҳизбӣ таҳти унвони аксияи “Мактаб ман” сохта ба истифодаи хонандагон дода шудааст.
Аз ин ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ илҳом гирифта, бо мақсади беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия ва бо ҷои нишаст таъмин намудани хонандагон дар назди якчанд муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагиро оғоз намудаан, ки қисме аз онҳо алакай ба истифода дода шудаанд.
 
Чунин иқдом бо ташаббуси директори муассисаи таълимии 57-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Набиҷон Забиров, раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи "Б. Раҳимзода" Абдуллоев Зайдулло ба роҳ монда шуда, онҳо иқдом гирифтаанд ки бо дастгирии сокинони деҳа чор синфхонаи иловагӣ сохта ба ихтиёри хонандагон супориданд.
 
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ