ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИИ ҲАР ЯК ВАҶАБ ҚИТЪАИ ЗАМИН БА МАНФИАТИ ХУДИ МОСТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб рафта, дар замони соҳибистиқлолӣ бо истифода аз имконот ва дастгириҳои давлатӣ рӯз аз рӯз пеш меравад. Чун кишвари мо Тоҷикистон 93 фисад кӯҳсор аст, асоси инкишофи дигар соҳаҳо аз афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бисёр зич вобаста аст.
 
Дар идомаи корҳои тарғиботӣ оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули “Хона ба хона” дар маркази саломатии ноҳия, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҷабалӣ Назаралӣ аз замини хоҷагии ёрирасони назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дармонбахш” дидан намуд.
 
Коргузорӣ ҳизбӣ Давлятова Насима иброз намуд, ки заминҳои наздиҳавлигии корхонаро самаранок истифода намуда, дар он кишти такрориро ба роҳ монда, дар як сол 2 – 3, ҳосил захираи маводи ғизоӣ гирифта, ба кормандони маркази саломатӣ ҳамчун кумаки ғизоӣ дастрас менамоем.
 
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ