РАСОНИДАНИ КУМАК БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
«Раҳму шафқат ба ниёзмандон, сила кардани сари ятимону шод кардани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону камбизоатҳо яке аз хислатҳои азалии мардуми тоҷик маҳсуб шуда, аз фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати мо сарчашма мегирад»
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваставу беназири давлату Ҳукумат, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон назаррас арзёбӣ гардида, бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушди баркамол ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст.
Дирӯз бо иштироки Назокат Қосимова, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ба 2-оилаи камбизоат, Маҳмадова Зубайда, сокини деҳаи Ёсумани ҷамоати деҳоти 50 – солагии Тоҷикистон ва Азимзода Меҳрангез, сокини деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маводи озуқа расонида шуд.
СУРАТГУЗОРИШ: аз ҷараёни расонидани кӯмакҳои яквақтаина аз номи Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон бо иштироки Назокат Қосимова – раиси Комиҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ