КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР БОҒИ МАРКАЗИИ НОҲИЯ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
«Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кўшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамои кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем» Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Аъзо ва тарафдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар радифи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи супоришҳои раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон ҷиҳати таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, зимнан татбиқи босамари ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти рушди корҳои ободонию созандагӣ ҳамчун ташаббусӣ ҳизбиро зери унвони “Якҷоя месозем!” ба таври муташаккилона ба роҳ монда истодаанд.
Бо ташаббус ва роҳбарии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ корҳои ободонӣ, тозакунии кӯчаю гулгаштҳо ва биною қитъаи заминҳои назди ташкилоту муассисаҳо гузаронида мешавад.
Имрӯз 26 апрели соли равон дар ҳамкорӣ бо масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия кормандон аз ташкилоти ибтидоии “Тандурустӣ” дар боғи фарҳангу истироҳати ноҳия корҳои ободонию кабудизоркуни гузарониданд.
Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар боғи фарҳангии ноҳия ба корҳои тозакунию тамизкории атрофи боғ, шинонидани гулҳои доими, рубучини роҳраву гулгаштҳо ва тоза кардану ба тартиб даровардани дарахтони боғ машғул гардида, мавзеи барои гаштугузори одамонро дар боғ аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карданд.
Суратгузориш аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ:
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ