КӮМАКИ ХАЙРИЯВӢ ТИБҚИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
«Раҳму шафқат ба ниёзмандон, сила кардани сари ятимону шод кардани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону камбизоатҳо яке аз хислатҳои азалии мардуми тоҷик маҳсуб шуда, аз фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати мо сарчашма мегирад»
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваставу беназири давлату Ҳукумат, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон назаррас арзёбӣ гардида, бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушди баркамол ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст.
 
Имрӯз аз номи аъзоёни ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар арафаи Иди Саиди Фитри моҳи шарифи Рамазон бо мақсади дастгирии иҷтимоии хонандагони ятимони кул, оилаҳои камбизоат ба 2-нафар ятимони кули муассиса, бо иштироки аъзои фаъоли ҳизб, директори муассисаи мазкур Лутфия Ҳафизова маводи озуқа расонида шуд.
 
СУРАТГУЗОРИШ: аз ҷараёни расонидани кӯмакҳои яквақтаина аз номи Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»-и Комиҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
 
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ