АҲСАН! ҶАВОНОН СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ МЕСОЗАН

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи аксияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони "Мактаби ман" ва "Якҷоя месосем" бо иқдоми аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии «Яккатут»-и Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Яккатут ду синнфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и деҳаи Пушкин таъмиру навсозӣ гардида истодааст.
Тавре Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем».
Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ дар ҳудуди ташкилоти ибтидоии «Яккатут»-и Комиҷроияи ноҳиявӣ дар деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳайати гурӯҳи корӣ аз муассисаи таҳислоти миёнаи умумии рақами 28-и ноҳия бозбинӣ намуданд.
Дар ҷараёни бозбинӣ маълум шуд, ки таъмири ду синфхона аз ҷониби хатмкунандагони солҳои таваллуди 1991 ба нақша гирифта шудааст, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ дар ин муассисаи номбурда идома дошта, ҷавонон ва сокинони меҳнатқарини деҳаи Пушкин азм доранд то охири соли хониш синфхонаҳоро мавриди истифода қарор диҳанд.
Ҷавонони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки зодагони даврони соҳибистиқлоланд, дар партави ҳидояту сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар самти бунёдкорӣ ва созандагӣ саҳми босазо гузошта истодаанд.
Шӯъбаи талиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ