СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ТИБҚИ ТАШАББУСИ НАВИ ҲИЗБИИ «МАКТАБИ МАН»

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тавре ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз медоранд: “Ин ҳизби сиёсӣ аз иҷрои вазифаи таърихӣсарбаландона баромада, ҳоло маҳз ба шарофати неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ давлати мо бомаром рушд карда истодааст, раванди бунёдкориву ободонӣ пайгирона идома дорад”.
 
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати маънавиасоси давлат ва Ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад.
Ин ташкилоти қудратманд тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат тавъам бо риояи қонунҳо, Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф, дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судмандро ба роҳ монда меояд.
Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и шӯъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони 4 адад синфхонаи иловагӣ бо маром идома дорад.
Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо ташаббуси аъзои фаъоли ҳизб директори муассисаи номурда Азизова Ҳидоят тибқи Нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Мактаби ман» ба роҳ монда шуда, дар он зиёда аз 40 ҳазор дона хишти пухта истифода бурда мешавад, ки айни ҳол он дастрас гардидааст.
Ҳамарӯза, аҳолии деҳа бо сарварии директори муассиса ба бардоштани деворҳо машғуланд ва тариқи ҳашари дастаҷамъона дар ин кори хайр саҳм гузошта истодаанд.
Тибқи иттилои директори муассиса, дар сурати пурра маблағгузорӣ гардидан, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ оғози моҳи сентябр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, мушкилоти нарасидани синфхонаҳо дар муассиса бартараф карда мешавад.
Шӯъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ