ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН БА БОЛОРАВИИ САТҲИ ЗИНДАГӢ МУСОИДАТ МЕНАМОЯД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводди хӯрока тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои назди ҳавлигӣ.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо усули хона ба хона корҳои таблиғотиву ташвиқотиро миёни аҳолӣ ба роҳ монданд.
Сардори оилаи Тағоевҳо бо мақсади истифодаи оқилона ва самараноки замини назди ҳавлгӣ, инчунин беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар замин бо ташкили гармхонаҳо зироат кишт намуданд.
Зимни суҳбат мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Абдусамиров Хайриддин иброз доштанд, ки рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст.
Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ва захира намудани маводи ғизоӣ зиндагии хешро боз ҳам рангину гуворо намоем.
Зимни суҳбат Раҷабалӣ Назаралӣ – мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз доштанд, ки рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст.
Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ва захира намудани маводи ғизоӣ зиндагии хешро боз ҳам рангину гуворо намоем.
Шӯъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ