НАФАҚАИ ИҶТИМОӢ АЗ ҶОНИБИ ҲХДТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маъюбону барҷомондагон ва шахсони яккаву танҳо пайваста зери ғамхории давлату Ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба дастгирии нафарони дорои имконияташон маҳдуд, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳармоҳ ба се нафар маъюбон нафақаи ҳизбӣ таъмин менамояд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқарар карда шудааст.

Дар доираи ин иқдом Раҷабалӣ Назаралӣ – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дидорбинии як нафар маъюби гурӯҳи 1-уми сокинони Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ Солиева Гулрӯ нафақаи ҳизбии моҳи марти соли 2023 дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас намуданд.

Зимни аёдат маъюбон, аз амалҳои хайр ва ғамхории Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон дуои нек карданд.