ВУСЪАТИ КОРҲО ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби созанда, бунёдкор, раъиятпарвару амаликунандаи ташаббусҳои бузург дар давоми фаъолияти хеш тавонист, ки ҳамеша миёни мардум қарор гирифта, бо ташаббусҳои созанда ва иқдомҳои наҷиб миёни ҷомеа обрӯ ва нуфузи зиёд пайдо кунад.

Бо ташаббуси раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаву деҳотҳо, имрӯзҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ва кандани ҷуйбору заҳкашҳо бо вусъат ҷараён дорад.

Бо иқдоми раиси ташкилоти ибтидоии "Қ. Ғиёсов" Зикрулло Камолов, инчунин саҳмгузории сокинони деҳа ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб дар деҳаи Арали ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсов ҳашари умумӣ ташкил карда шуда, иштирокдорон ҷуйборҳо ва қубурҳои деҳа, инчунин ҷуйборҳои дохили хоҷагиҳоро тоза намуда, ба мавсими нави обёрӣ омода намуданд.

Ҳамчунин шафати роҳи мошингузари деҳаро аз алафҳои хушкида ва партовҳо тоза намуда дарахтони атрофро ба тартиб дароварданд.