СОХТУМОНИ ИЛОВАГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ, инчунин дар амал татбиқи намудани қисмати тарғиботи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» дар ташкилоти ибтидоии «Боқи Раҳимзода» - и ҷамоати деҳоти “Иттифоқ”-и ноҳия аз сохтумони иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57-и ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и шуъбаи маорифи ноҳия дидан намуданд.

Маҳз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар маҳллаи Б. Раҳимзода бо тариқи ҳашар ва ҷалби соҳибкорони маҳалли сохтумони чор синфхонаи иловагӣ ба роҳ монда шуд, ки дар арафаи анҷомёбист.

Зимни вохурии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Идоят Шокимзода - мудири шӯъбаи занон ва кор бо ҷавонон ва Озода Хушбахт – Роҳбари Ташкилоти Ҷаъмиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” бо шахсони масъул ва сохтумончиён сухбат ороста кайд карданд, ки обод кардани Ватан аз гушаи имон дорист, сохтумони мактаб ҳамчун кори савоб ба ҳисоб меравад ва ба онҳое, ки дар ин кори нек саҳми худро гузоштаанд ва гузошта истодаанд, миннатдорӣ намуданд.