СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ТИБҚИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ «МАКТАБИ МАН»

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон ҳамзамон бо дастуру супоришҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 бо ҷалби шахсони саховатманд ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар доираи амалиёти "Мактаби ман" сохтмони 4 синфхони иловагӣ бо маром идома дорад.

Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” ва бо кордониву ободкориҳои директори муассиса Одиназода Гулрухсор тибқи Нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Мактаби ман» ба роҳ монда шудааст.

Ҳамарӯза, аҳолии деҳа бо сарварии директори муассиса ба бардоштани таҳкурсӣ машғуланд ва тариқи ҳашари дастаҷамъона дар ин кори хайр саҳм гузошта истодаанд.

Тибқи иттиллои директори муассиса, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ оғози моҳи сентябр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, мушкилоти нарасидани синфхонаҳо дар муассиса бартараф карда мешавад.