ВАСЛУ НАСБИ СИМЧУБҲОИ РАВШАНИДИҲАНДА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “Б. СУЛАЙМОН-2”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

"Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб, минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд". Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва равшаникунонии кӯчаю маҳаллаҳо ва дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст, корхонаю идораҳои ноҳия ва роҳбарони хоҷагихои деҳқонӣ, дар ташкилоти ибтидоии “Б. Сулаймон-2”- Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, васл ва насби симчӯбҳои равшандиҳанда бо маром идома дорад.

Корҳои васлу насби симчӯбҳо аз тарафи кормандони ташкилоти ибтидоии “Барқчиён”-и Кумитаи иҷроияи ноҳиявии идораи барқи ноҳия бо сифати баланд иҷро гашта истодаанд.

Ҳамагон медонанд, ки нерӯи барқ дар асри мо яке аз эҳтиёҷоти аввалии мардум гашта, баҳри осон сохтани мушкилоти рӯзмарра саҳми босазоеро мегузорад.