“ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ” ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТУМОНӢ ДАР МТМУ №19

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати татбиқи амалии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушд ва беҳтарсозии инфрасохтори соҳаи маориф имрӯзҳо аз ҷониби аъзоён ва тарафдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, тибқи аксияи “Якҷоя месозем”-и ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як қатор деҳаву маҳаллаҳои ноҳия бунёди муассисаҳои таълимиву томактабӣ ва корҳои таҷдиду аз навсозӣ босуръат идома дорад.

Дар ин замина бо ташаббусҳои созандаги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони асксияи “Якҷоя месозем”, аъзоёни ташкилоти ибтидои “Хурамзамин”-и деҳаи роҳи Ленини Ҷамоати деҳоти "Ифтихор" низ тасмим гирифтанд девори гирди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-и шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро, ки дарозии 80 метрро дар бар дорад, сохта ба истифода диҳанд.

Айни ҳол корҳои бунёдӣ дар таҳкурсии девор оғоз ёфта, бештари корҳои сохтумонӣ бо ҷалби мутахассисони хуби соҳа ва сокинони маҳаллӣ тариқи ҳашари дастаҷамъона роҳандозӣ мегардад.