БАРГУЗОРИИ МАКТАБИ МАН ДАР МТМУ №28

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 28 январи соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамоиши хатмкардагон зери унвони "Мактаби ман!" доир гардид.

Бо ташаббуси Саёҳат Самадзода, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хатмкардагони муассисаи номбурда бо камоли эҳтиром барои иштирок дар ин ҳамоиши бунёдгузор даъват гардиданд.

Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин ба тавсиб расидааст:

- Баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор.

- Ҳавасманд гардонидани шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот

Боиси зикр аст, ки дар натиҷаи татбиқи Амалиёти “Мактаби ман!” дар санаи 28 январи соли ҷорӣ бо иштирок ва ҳавасмандии 100 нафар хатмкардагон сину соли гуногун ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, варзишгоҳ дар ҳудуди муассиса, бунёди ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин бо мизу курсиҳо суҳбатҳо гузаронида шуд.