РАФТИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №3

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 28 январи соли равон дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва дар доираи нақшаи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Раёсати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳия бо иштироки як қатор омӯгорон ва хонандагони муассисаи мазкур аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “СОАТИ СИЁСӢ-ро баргузор намуданд, ки дар амалишавии он хонандагони синфҳои болои ширкат доштанд.

Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин ба тавсиб расидааст:

Баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омўзгор.

Ҳавасманд гардонидани шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот

Баромадкунандагон оид ба мавзӯҳои дар самти таъмини сулҳу субот, вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва даъвати ҷавонон барои адо намудани хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуданд.