“ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ” БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Ҷиҳати татбиқи амалии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушд ва беҳтарсозии инфрасохтори соҳаи маориф имрӯзҳо аз ҷониби аъзоён ва тарафдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, тибқи аксияи “Якҷоя месозем”-и ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як қатор деҳаву маҳаллаҳои ноҳия бунёди муассисаҳои таълимиву томактабӣ ва синфхонаҳои иловагӣ босуръат идома дорад.
Дар ин замина бо ташаббусҳои созандагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони асксияи “Якҷоя месозем”, сокинони деҳаи Лоҳутӣ Ҷамоати деҳоти Яккатут низ тасмим гирифтанд дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №26-и шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, чор адад синфхонаи иловагии таълимиро сохта ба истифода диҳанд.
Ҳоли ҳозир корҳои бунёдӣ дар таҳкурсии бино оғоз ёфта, бештари корҳои сохтумонӣ бо ҷалби мутахассисони хуби соҳа ва сокинони маҳаллӣ тариқи ҳашари дастаҷамъона роҳандозӣ мегардад.
 
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ