БАРГУЗОРИИ ДАРСИ СИЁСӢ ТИБҚИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАК ДАР МТМУ №6

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии хонандагон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соатҳои сиёсӣ ҷараён дорад.

Боиси зикр аст, ки НАҚШАИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАК ОИД БА ТАҲКИМИ НИЗОМИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҲУДУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН байни ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН бо мақсадҳои зерин ба тавсиб расидааст:

-баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор.

-ҳавасманд гардонидани шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот

Бо ҳамин мақсад аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҷабалӣ Назаралӣ ва масъулони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и ноҳия дарси сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар суханронии худ баромадкунандагон оид ба нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар арафаи Соли нав, амалишавии қонунҳои миллӣ "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо ибрози андеша намуданд.