МАЪЮБОН ТАҲТИ ДАСТГИРӢ ВА ҒАМХОРИҲОИ ДОИМИИ РОҲБАРИ МУАЗЗАМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАНД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи дастгирии маъюбон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимова Назокат ба 2 нафар маъюб Абдуллоев Муҳаммадҷон ва Солиева Гулрӯ нафақаи ҳизбӣ ва туҳфаи солинавӣ расонида шуд.