ИДОМАИ ОМӮЗИШИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ВА МАЪРАКАИ СУПОРИДАНИ ҲАҚҚИ АЪЗОГӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҷиҳати иҷрои дастури Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба маъракаи муқоисакунии супоридани ҳаққи аъзогӣ масъулини кумиҷроияи ноҳиявӣ субҳи 5-уми декабр аз ташкилотҳои ибтидоии "Об рӯшноӣ" ва "Ташхис"-и ҳизбӣ дар ҳудуди Ҷамоати Шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуданд.
Зимни омӯзиши фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии номбурда масъулин оид ба ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дастури методӣ доданд. Ҳамчунин, бо шахсони масъули ташкилотҳо оид ба қабули аъзоён ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.