РОҲСОЗӢ ВА МУМФАРШКУНӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексириштӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ба бартарафсозии маҷмӯи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароити пешрафти зиндагӣ мусоидат менамояд.
Ҳизбиёни ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо таваҷҷуҳи аъзоёни фаъоли худ, дар бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард саҳми босазо гузошта истодаанд.
Дар доираи нақша-чорабиниҳо, бо дастгири аз ташаббусҳои ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя месозем " ва омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ идома дорад.
Бо дастури Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Раҳимзода Сафармуҳаммад Абдураҳмон роҳи назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 62-и ноҳия мумфарш гардид.
Роҳи мазкур солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, бо мумфаршкунии он мушкилоти сокинону хонандагони мактаби номбурада ҳал хоҳад шуд.
Корҳои роҳсозӣ ва мумфаршкунӣ аз тарафи мутахассисони ТИ “Роҳсоз”-и Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард (МДНРА-Роҳсоз)-и ноҳия бароҳ монда шудааст.