РАСИДАН БА МАҚСАДИ МУАЙЯН

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Фаъолияти таблиғотӣ бояд ҳамчун мактаби тақвияти фарҳанги сиёсии мардум барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии ҷомеа хизмат намояд.

                                                                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 26-уми ноябри соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асоси амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Амалиёти "Соати сиёсӣ", бо иштироки кормандони Кумиҷроияи ноҳиявӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия, дар мавзуъҳои “ Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ ”, " Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иқтисодии ҷомеа ”, “ Нақши 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” баргузор гардид.

Амалиёти мазкур ҳар охири моҳ бо иштироки омӯзгорони фаъол, байни донишҷуёни муассисаҳои олӣ, коллеҷҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умуми гузаронида мешавад.

Мақсад аз баргузор намудани Аммалиёти мазкур, ин тарбияи ватанпарастии наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсии хонандагон ва бедор намудани зиракии сиёсӣ онҳо мебошад.