“СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ№15

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 29 октябри соли 2022 дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ “Соати сиёсӣ” доир гардид.
Ҷараёни “Соати сиёсӣ” дар мактаби таҳсилотӣ миёнаи умуми№15-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ миёни наврасон ва ҷавонон дар мавзуҳои вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ; масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон; таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, “Нақши Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории навини тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ” гузаронида шуд.
Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои тиълимии ҳудуди ноҳия байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст.