Ниёзмандон ва маъюбон зери таваҷҷуҳи ҲХДТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба маъюбон, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Дар доираи ин иқдом раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Назокат Қосимова ва муовини раиси ноҳия Муминзода Мастура Табарӣ ба дидорбинии маъюб Абдуллоев Муҳаммадҷон рафта ва ба Солиева Гулрӯ аз Ҷамоати Шаҳрак нафақаи ҳизбиро дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас намуданд.
Масъулин зимни суҳбат бо шахсони маъюб қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии маъюбон ва оилаҳои ниёзмандро дар мадди аввал қарор дода, пайваста аз ҳолу аҳволи ин қишри ҷомеа хабардор мешаванд ва ҳамеша таъкид менамоянд, ки ба чунин шахсон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад. Маврид ба зикр аст, ки ин иқдом аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, охири ҳар моҳ роҳандозӣ карда мешавад.