ЁДОВАРӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ Қосимова Назокат дар якҷоягӣ бо вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид, Ашурзода Гулбаҳор Сангилло, ва муовини раиси ноҳия Муминзода Мастура Табарӣ барои арзи тасаллият ва ҳамдардӣ ба хонаи афсароне, ки дар муноқишаҳо дар марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон барои ҳифзи кишвар қаҳрамонона ҷон бохтанд, ба аёдат рафтанд.
Дар дидорбинӣ бо наздикони афсарони шаҳид изҳори тасаллият намуданд. Қайд гардид, ки хотираи ин родмардони далер, афсарони дар роҳи ҳимояи Ватан дар ёди мо ҳамеша боқӣ хоҳад монд ва онҳо намунаи олии ҷавонмардию ҷасорат ва садоқат дониста мешаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар натиҷаи ҳамлаи хиёнаткоронаи кишвари ҳамсоя 3 нафар фарзандони ин диёр - Пиров Муҳаммадҷон, сокини ҷамоати деҳоти Иттифоқ»-и деҳаи Правда, Тағоймуродзода Шуҳратҷони Ҳикматулло сокини деҳаи Роҳи Сотсиализми ҷамоати деҳоти Калинин ва Нуров Абдураҳим, сокини деҳаи Н. Махсуми ҷамоати деҳоти Яккатут аз тири бераҳмона кушта шуданд.