ХОНА БА ХОНА

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Суҳбати хона ба хона яке аз тарзи дуруст ба мардум фаҳмонидани сиёсати созанда ва ободкоронаи Пешвои миллат, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
 
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ ҷиҳати ба мардум расонидани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ рӯзи 07- октябри соли 2022 бо усули “хона ба хона” ба сокинони маҳаллаи ба номи Гулистон оиди талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, моҳияти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ инчунин, бо сардорони оилаҳо оиди истифодабарии оқилонаи неруи барқ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, сафарбаркунии фарзандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва иштироки фаъолона дар шанбегиҳову дигар чорабиниҳои фарҳангии ноҳия суҳбату мулоқотҳо гузаронида шуд, ки сокинон изҳори қаноатмандӣ намуданд.