ТАЪМИНИ НАВБАТИИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии нафарони дорои имконияташ маҳдуд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҳармоҳ ба ду нафар маъюбони ноҳия нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ таъмин менамояд.

Ин навбат санаи 4-уми октябри соли равон бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия ба Фозилова Мавлуда- парастори Муродов Асрор,  маъюби  гурӯҳи 1-уми деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Қумсангир мебошад, нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ таъмин карда шуд.

Масъулин зимни дастрасгардонии нафақаи ҳизбӣ иброз доштанд, ки маъюбону барҷомондагон ва шахсони яккаву танҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, раиси   ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.