САФАРБАРИИ САРБОЗОНИ ИХТИЁРӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо сокинон оид ба сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста корҳои таблиғотӣ баргузор мегардад ва ин низ самараи хуб ба бор хоҳад овард.

Ин аст, ки санаи 1-уми октябри соли 2022 ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонписарони сини даъватӣ дар маркази ноҳия шаҳраки Дӯстӣ чорабинии  фарҳангӣ баргузор гардид, ки зимни баргузории чорабинии мазкур дар қатори ин даъватшудагон 10-нафар сарбозони ихтиёрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла 3-нафар аз Ҷамоати деҳоти Панҷ: Ибрагимов Сино, Ахмедҷонов Рабонӣ, Акбарзода Комрон, 6-нафар аз Ҷамоати деҳоти Истиқлол: Мусоев Субҳиддин, Акрамов Субҳонҷон, Муҳридинов Муҳамадҷон, Мирумов Сиратуло, Отаҷонов Хушвахт, Бобиев Исматулло ва 1-нафар аз Ҷамоати деҳоти Қумсангир Каримов Исломҷон, ки ихтиёран барои хизмат ба Ватан-Модар дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон пайвастанд, аз ҷониби раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода Абдулҳафиз Абдусатор ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ба ин сарбозон ва волидони онҳо ифтихорнома ва шаҳодатномаи “САРБОЗИ ИХТИЁРИИ ҲХДТ” супорида шуд.

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ масъулини ноҳия суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки; “Яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боътимоди он Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлоли комили худро таъмин намояд. Аз ин рӯ ҷавонони кишвар бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар фарзанди бонангу бономуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз мебошад. Хизмат ба Ватан – Модар қарзи шаҳрвандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу бономус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишони камолоти инсонии ҳар як ҷавони кишварамон аст”.

Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидаруҳии иштирокдорон барномаи ҷолиби фарҳангиро пешкаши ҳозирин гардониданд.