“СОАТИ СИЁСӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии хонандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и Ҷамоати деҳоти Яккадин “Соати сиёсӣ” бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони соҳибтаҷриба гузаронида шуд.

Дар ҷамъомади мазкур масъулин вобаста ба мавзуҳои мубрами рӯз, хусусан вазъи сиёсии имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон, муноқишаҳо дар сарҳад бо Қирғизистон ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ибрози андеша намуда, иштирокдорон ба худ оиди ин мавзуҳо маълумотҳои мушахас гирифтанд.