"БАХШИДА БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” сохтмонҳои бунгоҳҳои саломатӣ аз ҷониби татбиқи лоиҳаи “CASA-1000” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар Ҷамоати деҳоти Панҷ деҳаҳои Фатҳобод ва Куҳдомон оғоз гардида бо маром идома дорад.

Боиси зикр аст, ки дар доираи ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатии ноҳия бо шарикони рушд ва сармоягузорон, соҳаи тандурустӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” тамоми марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ ба пуррагӣ таъмиру азнавсозӣ хоҳанд гашт.