РАФТИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии хонандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Ҷайҳун “Соати сиёсӣ” бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони соҳибтаҷриба гузаронида шуд.

Дар ин ҷамъомади мазкур масъулин вобаста ба мавзуҳои мубрами рӯз, хусусан вазъи сиёсии имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон, муноқишаҳо дар сарҳад бо Қирғизистон ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ибрози андеша намуда, иштирокдорон ба худ оиди ин авзуҳо маълумотҳои мушахас гирифтанд.