ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МУАСИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 24-уми сентябри соли равон бо мақсади корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии хонандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Ҷайҳун “Соати сиёсӣ” бо иштироки кули хонандагон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба гузаронида шуд.

Дар ин ҷамъомади мазкур баромадкунандагон вобаста ба мавзуҳои “Вазъи сиёсии имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “муноқишаҳо дар сарҳад бо Қирғизистон” ва “тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” ибрози андеша намуда, иштирокдорон ба худ вобаста ба ин мавзуҳо маълумотҳои мушахас пайдо намуданд.