АМАЛИЁТИ ҲИЗБИИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ" БАРГУЗОР ГАРДИД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-сентябри соли 2022 тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар оромгоҳи деҳаи “Телман”-и Ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зайдулоев Муҳамадҷон, 3 эмомхатибони Ҷамоат, фаъолону сокинони деҳаи Телман иштирок намуда, дохил ва атрофи оромгоҳро аз алафҳои хушкшуда ва ҳар гуна ифлосиҳо тоза карда шуд.

 

Метавон зикр намуд, ки пос доштани оромгоҳҳо ва тозаю озода намудани он яке аз анъанаҳои неки миллӣ ба ҳисоб рафта, моро зарур аст, ки насли ояндаро дар руҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ тарбия намоем, то ин ки давомдиҳандаи анъанаҳои неки ниёгон ва посдорандаи хотироти гузаштагони худ бошанд.

Дар фарҷоми ин амали хайру савоб кули иштирокдорон дар ҳаққи гузаштагони оромгоҳи мазкур дуои хайр хонданд.