ТОЗАГИИ МУҲИТ-ОМИЛИ БЕҲДОШТИ САЛОМАТӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 24-уми сентябри соли равон бо мақсади тозаю озода гардонидани гирду атрофи муассиса бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Наврӯз” шанбегӣ умумимактабӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории шанбегии мазкур тамоми омӯзгорон ва хонандагон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи муассиса рубу чин гардида, бехи дарахтон нарм ва аз ҳар гуна ифлосиҳо тоза карда шуд.

Метавон зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии мазкур дар амалӣ сохтани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон яке аз ташкилотҳои ибтидоии фаъол дар ноҳия ба ҳисоб рафта, дар чунин корҳои о бодонию созандагӣ ҳамеша саҳмгузор мебошад.