ҲОЛАТИ ОБЁРИКУНОНӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати обёрикунонӣ ва самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзӣ, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, имрӯзҳо бо ташаббуси раис ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иттифоқ” заҳбур ва ҷӯйборе, ки бо воситаи он заминҳои деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Истиқлол обёрӣ мегардид, бо воситаи техникаи махсус кофта тоза карда шуд.

Ин ба меҳнаткашони деҳаи мазкур имкон медиҳад, ки ба кишти такрорӣ машғул шуда, аз заминҳои дар ихтиёрдошта ҳосили дилхоҳ ба даст оранд ва шароити зиндагии хешро беҳтару хубтар намоянд.