АЁДАТИ ОИЛАИ ЯКЕ АЗ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 19-уми сентябри соли равон бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Ваҳдати миллӣ” ва бо иштироки Зайдуллоев Муҳаммадҷон - намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун оилаи як нафар муҳофизи Ватан, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ, ки дар муҳофизати сарҳади Ворух адо хизмат намудаистодааст аёдат гардида, зимни аёдат ба ин оила кумаки яквақтаинаи моддӣ, аз қабили орд, равған ва дигар маводҳои озуқа расонида шуд.

         Ҳамзамон зимни аёдат масъулин аз ҳолу аҳволи ин оила бохабар гардида, барои иштирок дар ҳифзи марзу буми кишвар изҳори минатдорӣ баён намуданд.