НАФАҚАИ ҲИЗБИИ НАВБАТӢ БА МАЪЮБОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 1-уми сентябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ» бо як шукуҳу шаҳомати тоза ва шодии беохири хонандагон баргузор гардида, хонандагон ба соли нави таҳсил фаро гирифта шуданд.

Дар ин радиф дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳия бо иштироки намояндагони ҳизбӣ, хонандагон, волилодон ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ “Рӯзи дониш” дар сатҳи аъло ва  дар асоси қонунҳои амалкунанда таҷлил гардид.

Мавриди зикр аст, ки инчунин дар ин муассисаи таълимӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба “Рӯзи дониш” ба воситаи оинаи нилгун ба ҳозирин нишон дода шуд.