МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОМОДААНД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади хубу хотирмон истиқбол намудани хонандагон ба соли таҳсили нав 2022-2023 саҳми падару модарон, сокинон, аъзоён ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар таъмиру ободонии муассисаҳои таълимӣ назарас мебошад.

Ин аст, ки бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" то ба имрӯз қариб ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва боғчаю кудакистонҳои ноҳия ба пуррагӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, баҳри фароҳам овардан барои таҳсили хубу беҳтар ба хонандагон дар ҳолати омодагӣ қарор доранд.