ВАЗИФАИ МО ҲИЗБИЁН БА РОҲИ ДУРУСТ ВА ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ НАМУДАНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН МЕБОШАД!

Ҷайҳун: Андеша  

 Тарбияи наврасону ҷавонон дар давраи ҷаҳонишавӣ ва бозиҳои сиёсии давлатҳои абарқудрати ҷаҳон яке аз масъалаҳои муҳим ва асосии низоми маорифи кишвари мо низ ба ҳисоб меравад. Зеро онҳо қишри ҳассосу осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар замони имрӯз рушду нумӯъ ёфтани технологияҳои навтарин, аз ҷумла “Шабакаи байналхалқии интернет” маълумотҳои хеле зиёдро барои ҳамагон, аз ҷумла наврасону ҷавонон дастрас намудааст. Баъзан ин маълумотҳои гуногунро онҳо аз интернет истифода намуда, дар баъзе ҳолатҳо онҳоро бо ақидаву фикрҳои нодуруст, зуровариву ҷанг ва найранг ошно месозанд.

Мехоҳем диққати наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар дарсҳои тарбиявӣ ҷалб намоем. Ба фикри мо омӯзгор бояд дар дарсҳои тарбиявӣ оид ба таърихи гузаштаву на он қадар дури кишварамон мисолҳои мушаххас оварда, онҳоро бо дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолии кишвар муқоиса намояд. Пеш аз ҳама, бояд диққати хонандагону донишҷӯёнро ба камбудиву норасоии даврони ҷанги шаҳрвандӣ, ки мутаассифона солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба амал омаданд, шинос намояд. Бояд фаҳмонем, ки дар давраи аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, кишвари мо ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ гардид. Пояҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд. Илова бар ин, таъкид бояд дошт, ки имрӯз давлатҳоеро мисол метавон овард (аз ҷумла Афғонистон, Ироқ, Сурия, ва ғ.), ки тӯли якчанд солҳо (ҳатто даҳсолаҳо) мардумони ин кишварҳо дар ҷангу ҷидол қарор дошта, то ба имрӯз наметавонанд вазъи баамаломадаро ба эътидол оваранд. 

Хушбахтона, ба сари миллати мо бахт хандид. Дар Иҷлосияи 16-уми тақдирсози миллати тоҷик Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Аз рӯзҳои авввали кории худ мақсад гузоштанд, ки миллатро сарҷамъ намуда, гурезагонро ба ватан бар мегардонанд. Дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ ӯ миллатро ба ҳам оварда, 27 июни соли 1997 Ваҳдати миллиро барқарор намуданд. 

Сипас барои рушд додани соҳаҳои асосии иқтисодӣ қадамҳои устуворро гузоштанд. Вобаста ба ин масъала, Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегиро рӯйи кор гирифт, ки аз бахшҳои зерин иборат мебошанд:

-Якум, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар. Чи тавре ҳамагон огоҳ ҳастанд, дар он даврон омаду рафт аз самтҳои вилояти Суғду Хатлон ва Бадахшон дар фасли зимистон бо ағбаҳои Анзобу Шаҳристон, Чормағзаку Шаршар, Хобуробот ба маркази ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе хатари ҷиддӣ дошта, монеаҳои зиёдро пеш меовард. Омаду рафт бо азобҳои зиёд амалӣ гардида, вақти тулониро низ дар бар мегирифт. Хушбахтона, имрӯзҳо дар чор фасли сол мо метавонем бемамоният ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намоем, яъне кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ ёфт.

-Дуюм, масъалае, ки Пешвои миллат ҳамчун ҳадафи стратегии кишвар пешниҳод намуданд, ин ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ буд. Ин самт дар кишвари мо яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Дар сурате, ки мо аз се як ҳиссаи иқтидори гидроэнергетикии кишварамонро истифода кунем, метавонем кишварҳои минтақаро пурра бо неруи гидроэнергетикӣ таъмин намоем. Бояд қайд намоем, ки имрӯзҳо бисёре аз давлатҳои ҳамсоя барои истеҳсоли нерӯи барқ дар неругоҳҳои барқии ҳароратӣ аз маҳсулотҳои нафт ва ангишт истифода мебаранд ва ҳангоми сӯзонидани ин мавод газҳои гуногун ҷудо шуда, боиси ба атмосфера хориҷ шудани гази карбон ва дигар моддаҳои зараровар низ мегардад. Дар умум ба табиат зарари зиёд расонида, боиси об шудани беш аз ҳазор пиряхи хурду миёна ва то 30% кам шудани ҳаҷми онҳо низ гардидааст. Хушбахтона, ба кор андохтани агрегатҳои якум ва дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи дуюми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф кишвари мо Истиқлолияти энергетикиро пурра ба даст оварда, барои сохтани корхонаву иқтидорҳои истеҳсолии саноатӣ шароит фароҳам орад. 

Сеюм, ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат «Таъмини амнияти озуқаворӣ» мебошад. Вобаста ба ин масъала низ бисёр корҳо амалӣ гардида, самаранокии истифодаи заминҳо ва дар як сол аз ду то се маротиба ҳосил гирифтан амалӣ шуда истодааст. Дар чанд соли охир зиёда аз 100 ҳазор гектар боғу токзори нав ва интенсивию суперинтенсивӣ бунёд ва ташкил карда шуда, ба таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориxи кишвар мусоидат намудааст. 

Ниҳоят тавре аз Паёми навбатии Пешвои миллат бармеояд: Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ «Саноатикунонии босуръати кишвар» ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд, ки ин ҳадаф дар ҳолати амалишавӣ қарор дорад.

            Дар умум, Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти кишвар, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду нумуи кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум корҳои зиёдеро амалӣ карда истодаанд.

Мо – Ҳизбиёнро лозим аст, ки дар рафти чорабиниҳои ҳизбӣ ба сокинон бахусус xавонон ҳамаи ин пешрафт ва гул-гулшукуфоии кишварамонро дуруст фаҳмонида, дар онҳо ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдориро бедор созем. Онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда, тарғибу ташвиқ намоем, ки ҳар нафари мо барои рушд додани соҳаҳои гуногуни кишвар саҳмгузор бошем.

 

 

САЙФУЛОЕВ РАҲМИДДИН - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун