ШАРОИТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ БОЗ ҲАМ БЕҲТАР ХОҲАД ГАШТ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ имрӯзҳо Аксияи ҳизбии “Мактаби Ман” ва “Якҷоя месозем!” амалӣ гардида, муассисаҳои таълимии ноҳия бо ҷалби сокинон, омӯзгорон ва волидони хонандагон дохил ва атрофи муассисаҳо таъмир ва деворҳо рангубор карда шудаистодааст.

Дар ин радиф дар муассисаи таълимии №20-и деҳаи Зарнисори Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда, корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.