МО БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛИ 2022-2023 ОМОДАЕМ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии "Маорифчиён" имрӯз  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, омӯзгорон ва падару модарони хонандагон пурра таъмир гардида, гирду атроф ва синфхонаҳо рангубор карда шуд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки муассисаи таълимии номбурда барои соли хониши 2022-2023 пурра омода буда, хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои тозаю озода ва шароити хуби таълимӣ таҳсилро оғоз намоянд.