ҲАДАФ ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН АСТ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз кору фаъолияти заҳматкашон ва деҳқонони ноҳия ҳамзамон ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба оқилона ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта бо иштироки масъулини ҳизбии ноҳия имрӯзҳо бо сокинону деҳқонон суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” баргузор гашта истодааст.

Ин навбат,  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод бо ҳар як оила ва сокини деҳаи Ҷӯйбори Ҷамоати деҳоти Қумсангир суҳбату вохӯриҳо  баргузор гардида, баҳри ҳарчи бештар андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти самараноку дуруст истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ ва бо ин роҳ рўёнидани ду-се ҳосил, захира намудани маводҳои озуқаворӣ хусусан гандуму лӯбиёгиҳо ва хушконидани меваҳо маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда шуд.