СОХТМОНИ ҲОҶАТХОНА БО УСУЛИ ДРЕНАЖӢ БА РОҲ МОНДА ШУД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади сохта ба истифода додани ҳоҷатхонаҳои замонавӣ бо усули дренажӣ пайваста бо сокинон суҳбату фаҳмонидадиҳӣ доир мегардад. Ин аст, ки натиҷаи чунин суҳбату вохӯриҳо самараи дилхоҳ ба бор оварда, фаъолони деҳаи Розиқободи Ҷамоати деҳоти Панҷ чунин бинои ҳоҷатхонаи замонавӣ, ки ҷавобгӯ ба ҳама талаботҳои замон аст, сохта мавриди истифодаи сокинони деҳа қарор дода шуд.